БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВИ ДАР ДЕҲАИ ГУЛАФШОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолдони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" сохтмони дарвозаи замонавӣ бо навиштаҷоти номи деҳа бо мааром идома дорад. Бояд гуфт, ки сохтмони дарвозаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, то ба имрӯз дар қисми зиёди деҳаҳои ноҳия чунин дарвозаҳо сохта шудааст.  Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.