АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” РОҲАНДОЗИ КАРДА МЕШАВАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва “Мактаби ман” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ хатмкунандагони соли 2003-и МТМУ №17 барои муассисаи худ як миқдор мизу курси таъмин намуданд.

Собиқ хатмкунандагони муассисаи  мазкур имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дарҳашари аҳолии маҳалла иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.