СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 33

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 соати сиёсӣ баргузор гардид. Соати сиёсиро омӯзгорони варзидаи ҳудуд Раиси ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул ва омӯзгорони соҳибтаҷриба пеш бурданд. Омӯзгорон дар як соати сиёсӣ роҷеъ ба вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавонон, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар еамудани онҳо, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, раисидан ба қадри арзишҳои миллӣ аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон андешаронӣ намуданд. Дар воқеъ баргузории соатҳои сиёсӣ ба иродаву мафкураи наврасону ҷавонон ҳисси ватандорӣ бедор намуда, барои тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ роҳнамоӣ менамояд.