БУНЁДИ ОБАНБОР ДАР ДЕҲАИ ТУТАК

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия иқдоми оббиёрӣ бо маром идома дорад.  Амали мазкур бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи маҳал роҳандозӣ гардида истодааст. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки аз дарозии 15 километр ба маҳалла хати оби нушокӣ кашонанад. баъди ба анҷом расонидани иқдоми мазкур маҳала пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳо баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ сохтанд.