БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ГУЛАФШОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади арҷ гузоштан ба урфу одатҳои миллӣ, эҳсос намудани дарки волои ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва бо ин васила ободу зебо намудани маҳаллаи худ дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" даромадгоҳ ва ё дарвозаҳои маҳалла бо навиштаҷоти номи маҳал бунёд гардида истодааст. Чунин як даромадгоҳи зебо дар доираи истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул бунёд шудааст, ки ҳусни деҳаро зебоии дигар зам менамояд. Зимнан ҳар як меҳмон ва ё сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо дидани дарвозаи маҳал ва ё деҳа ҷойи даркории худро пайдо созанд. Умуман дарвозаи маҳал ин нишонаи маҳалдорӣ ва ватандорист.