ЧОРАБИНИИ СОЛИ НАВӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 6593

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҳавасманд ва руҳбаланд намудани сарбозону афсарон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ташаббуси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дастгириҳои ҳамешагии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар қисми низомии 6593-и ноҳияи Ёвон чорабинии Соли Навӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сарбозону афсаронро раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба ифтихори Соли Нав шодбош намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур ба сарбозону афсарон туҳфаҳои Соли навӣ ва дастурхони идона ороста шуд. Сарбозону афсарони қисми низомӣ иқдоми ватандӯстонаи вакилони ҳизбии ноҳияро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.