МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дили фитодаеро шод кардан ва хурсанд кардани ятимон худ кори хайру савоб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимону маъюбонро дастгириву пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ ба нимароҳ намегузоранд ва то ба воя расидан ва соҳибмаълумот гардидан кумаки худро дареғ намедоранд.

Бояд зикр намуд, ки маъюбону бепарасторон ва кишрҳои ниёзманди ҷомеа аз тарафи ҳизбиён дар ҳар иду айём аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳвол ва рӯзгори эшон ҳамеша бохабар гардида ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Дар остонаи таҷлили Соли Нави мелодӣ дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъюби гурӯҳи 1 -ум Бекназаров Насрулло аёдат гардида, ба ӯ нафақаи ҳизбӣ дастрас карда шуд.