АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ТАРТИБОТИ ХУБИ ҶАМЪИЯТИРО АЗ БАЙН МЕБАРАНД

Ёвон: Андеша  

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо, ки  31 октябри соли 2003 қабул гардидааст, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба парлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

Чи тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани сатҳи чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода, нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.04.2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд: «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда, намегузорад, маблағҳои давлатӣ барои татбиқи барномаҳои пешбинишуда равона гарданд. Он метавонад, нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату Ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ заминаи асосиро гузорад.

Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон