НАСБИ СИМЧӮБҲО ДАР МАҲАЛЛАИ НАВБУНЁДИ ЗАФАР-1

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад. Чунин як иқдоми созандагӣ барои истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва  бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани фасли зимистони имрӯза дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  дар деҳаи навбунёди Зафар-1 зиёда аз 45 адад симчубҳои замонавӣ насб гардида, ба миқдори 2250 метр сими барқ кашонида шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташаббуси мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.