ОБОДКОРӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо истифода аз рӯзҳои гарми офтобӣ дар ҳар гушаву канори ноҳия ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ  ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат мебанданд. Чунин як ҳашари дастаҷамъона  бо иштироки сокинони деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Норин роҳандозӣ карда шуд. Дар ин рӯз фаъолони деҳаи мазкур ба ҳашар баромада барои боз ҳам обод ва сарсабз намудани деҳаи худ дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Наврӯз иштирок намуда, иқдоми ободкоронаи онҳоро дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста ва рушди деҳот бориз арзёбӣ намуда, ба ташаббускорони чорабинии мазкур изҳори ташаккур намуданд.