ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ

Ёвон: Андеша  

Ҳамаи мо хуб медонем, ки ваҳдати миллӣ бо саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт ва баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он солҳои пур аз мушкилот ваҳдати миллӣ дар асоси барномаҳои ҳизбӣ назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд.

Ҳама тадбирҳое, ки бо ҳидояти Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ, таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид шавад.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон