БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ НАВРӮЗ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони шарафманди  ноҳияи Ёвон ба ифтихори истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар корҳои созандагиро дар ҳар гӯшаву канори ноҳия бо маром вусъат мебахшанд.

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Наврӯз дар деҳаи Наврӯз бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу эҳсонкор  майдончаи варзишӣ барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудааст. Дар варзишгоҳи навбунёд мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон гардида, дар арафаи Соли нави мелодӣ ҷамъбаст карда мешавад. 

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташаббуси мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.