ИСТИФОДА АЗ РӮЗҲОИ ГАРМИ ОФТОБӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо истифода аз рӯзҳои гарми офтобӣ истиқоматкунандагони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин сарҷамъона ба ҳашар баромада, дар деҳаи худ баҳри истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарахтони ороишӣ шинониданд. Дар ҳашари мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, амали созанда ва бунёдкоронаи аҳолии деҳаи Пахтакоро шоиста арзёбӣ намуда, ба онҳо барои роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ва ободу зебо ва сарсабз намудани як гӯшаи диёр изҳори ташаккур намуданд. Сокинони деҳаи Пахтакор дар татбиқи Аксияи ҳизбӣ ҳамеша пешсаф ҳастанд.