ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз  дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норини ноҳия иқдоми обёрӣ бо маром идома дорад. 

Амали мазкур бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ роҳандозӣ гардида истодааст. Сокинон дар нақша доранд, ки аз дарозии 15 километр ба маҳалла хати оби нӯшокӣ кашонанд. Баъди ба анҷом расонидани иқдоми мазкур маҳалла пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳои баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ карданд.