ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.

Чунин як иқдоми созандагӣ барои истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва  бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани фасли зимистони имрӯза дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  дар деҳаи 1-Май роҳҳои дохили деҳаи мазкур битонпуш карда шуда, таъмиру таҷдид карда  мешавад.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташаббуси мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.