ҶАВОНОН ХУДШИНОС БОЯД БОШАНД.

Ёвон: Созандагони ватан  

Имрӯз бо мақсади баргузории вохӯрӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 бо иштироки омӯзгорон ва ҷавондухтарони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ёдоварӣ карда шуд, ки санаи 30 ноябри соли равон бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор гардид. Аз ҷониби Раиси Олии ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки ҷавонони мо бояд пеш аз ҳама масъулиятшинос бошанд, ватани хешро дӯст доранд, арзишҳои ӯро гиромӣ доранд. Ҷавонон бояд аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир огаҳ бошанду ба китобхонӣ рӯ оваранд. Фарҳанги миллии тоҷикон бояд ҳамчун арзишҳои миллӣ доимо пос дошта шавад. Аҳли толор, ҷавондухтарон дар вохӯрӣ фаъолона иштирок намуданд.