ҲАМОИШИ ВОЛОНТИЁРОН БА ИФТИХОРИ 28 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Волонтёрон яке аз сохторест, ки дар раванди сиёсати ҳизбӣ дар ноҳия нақши бориз доранд. Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 20 нафар волонтёрон фаъолият доранд, ки дар тамоми чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд. Волонтёрон дар рафти баргузории Аксияҳои таблиғотӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, Рӯзи ёдоварӣ ва соатҳои сиёсӣ нақши калон доранд. Онҳо бештар дар амалҳои хайру савод, расонидани кӯмак ба занони танҳо  ёрмандӣ мерасонанд. Ҷавонони волонтёр доимо аз ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хушнуд буда, дар ҳама самт қадрдонӣ мегарданд. Ба ифтихори таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ як қатор волонтёрони ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сазовор гардонида шуданд.