НАМОИШИ ЧАКАН БА ИФТИХОРИ 28 СОЛАГИИ ҲХДТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 10 декабр 28 сол сипарӣ гардид. Ҳизби мазкур дар 28 соли фаъолияти худ пастиву баландиҳои зиёдеро тай намуда, ба ин рӯзи мурод расидааст. Ҳизб дар сиёсати пешгирифтаи худ масъалаи занону бонувон ва риояи фарҳанги миллиро дар мадди аввал гузошта, доимо дар татбиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ  саҳмгузор мебошад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ дар назди Кохи фарҳанги ноҳия намоиши чакан доир гардид, ки дар он муассилини муассисаҳои таълимии ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Чорабинии мазкур бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва  занони кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳандозӣ карда шуд.