ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР

Ёвон: Андеша  

Воқеан, ҲХДТ ба ҳайси як ташкилоти фаъол дар таҳкими арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ нақши бағоят калон ва арзишманд дорад.

Вазъияти ниҳоят буҳроние, ки бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта буд, ногузир будани ваҳдати миллиро таъкид мекард.

Раванди сулҳи Тоҷикистон, ки ниҳоят 27 июни соли 1997 мардуми кишварро ба ваҳдати миллӣ оварда расонд ва миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшид, барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошт. Месазад, ки бо мақсади нишон додани нақши ҲХДТ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ин ҷо як бор натиҷаҳои асосии раванди дастоварди сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ёдовар шавем. Онҳо кадоманд?

  1. Низои дохилии ҳарбӣ-сиёсӣ пас аз муқобилати тӯлонии қувваҳои сиёсӣ, динӣ ва этникӣ бо сулҳ анҷом ёфт ва бори дигар исбот шуд, ки миллати тоҷик аз рӯи сиришт ва маърифати худ миллати сулҳдӯст мебошад.
  2. Дар Тоҷикистон амалигардонии сулҳу суботи ҷамъиятӣ пояи ягонагии миллӣ гардид, ки он яке аз нишонаҳои асосии барқароршавии миллати тоҷик мебошад;
  3. Барои амалигардонии сулҳ ва ризоияти миллӣ омилҳои дохилӣ, яъне кӯшиши умумихалқии тоҷикон ба сулҳ ва ризоияти ихтиёрӣ ба қувваҳои сиёсии муборизабаранда дар ҷомеа нақши асосиро бозид.
  4. Сулҳ дар Тоҷикистон миллат ва давлатдориро аз нав эҳё намуд. Ба мардуми кишвар барои созандагӣ, эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқӣ ва дунявӣ замина пайдо гардид.
  5. Дастоварди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун асоси таҳкими худшиносии миллии тоҷикон ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки ғояи ваҳдати миллӣ бо саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт ва баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он солҳои пур аз мушкилот ғояи ваҳдати миллӣ дар асоси барномаҳои ҳизбӣ назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд.

Ҳама тадбирҳое, ки бо ҳидояти Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид шавад.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.

Тадбирҳои судманде, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҲХДТ ва хоса Раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд ва роҳандозӣ гардида истодаанд, баҳри гиромидошти истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъматҳоии олӣ мусоидат мекунанд.

Халқи Тоҷикистон нақши арзандаи ҲХДТ ва хизматҳои бузурги Раиси ин ҳизби мардумӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, амалӣ гардонидани саноатикунонии мамлакат, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадршиносӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихии миллат шахсияти барҷастае ҳастанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Он кас рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин айёми осудагӣ, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ моро насиб гардидааст, ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо, яъне иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешаванд. Бо татбиқи ҳарчи бештари ин ғояҳои миллӣ пояҳои давлатдории миллии мо ба ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.

Ба хотири пешрафти Тоҷикистони азизамон ва ҷовидонагии ваҳдати миллӣ дар ин ҷодаи муқаддас ба ҳамаи шумо саодат ва пирӯзиҳои нав ба навро таманно намуда, Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ-ро бароятон муборакбод мегӯям.

                                  Ваҳдати мо – иқтидори мо

Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.

Шуълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.

Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Ҳамватан ҳастему хурсандем,
Ҳамтанему решапайвандем.
Бо тамоми мардуми дунё
Ҳамдаму ғамхору дилбандем.

Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Тоҷикистон, хоки аҷдодӣ,
Марзи бахту кишвари шодӣ,
Аз парешонӣ ту эмин бош
Дар қабои сабзи озодӣ.

Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Раҷабзода Файзиддин-муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон