28 - СОЛИ ҲИЗБ 28 - МУЖДАИ ИҚБОЛ ДОРАД

Ёвон: Андеша  

Боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.

Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар Конференсияи имрӯзаи худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем.

Дар воқеъ, танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.

Бинобар ин, баргузории ҳамоишҳои ҳизбӣ, ки ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ бахшида шудааст, бори дигар ба мо масъулин ва фаъолони ҳизб имкон фароҳам меорад, ки самтҳои мухталифи ҳаёти ҳизбиро таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, монеаҳои ҷойдоштаро бартараф ва вазифаҳоро барои минбаъд дар пешорӯи интихоботҳои дарпешистода ва дар асоси усули ҳамрайъии ҳизбӣ муайяну мушаххас намоем.

Бояд эътироф намуд, ки ташаккули мафкураи  давлатӣ аз чигунагии идеологияи ҳизби ғолибу ҳукмрони он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар баробари мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ташаккули маънавиёти ҷомеа бар зиммаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон низ гузошта шудааст ва ин дуруст ҳам ҳаст. Зеро ҳадафу мақсади дилхоҳ ҳизби сиёсӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ин татбиқи барномаи худ ва ташаккули мафкураи сиёсӣ ва маънавиёти ҷомеа ба манфиатҳои худ мебошад. Азбаски имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами худ масъулияти бузурги давлатсозию миллатсозиро бар душ гирифтааст, моро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи ин рисолати созанда пеш аз ҳама муносибати ташкилотҳои ибтидоиро бо сохторҳои ҳизбӣ дуруст муқаррар намоем. Пеш аз ҳама нисбати фаъолияти ҳизбии худ масъулиятшинос бошем. Дигар хел ҳам набояд бошад, зеро тавре Пешвои миллат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иброз доштанд: “Дар сафҳои мо барои шахсони тасодуфӣ ва худхоҳу худпараст бояд ҳаргиз ҷой набошад”.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳамаи ҳамватанони азизро ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон муваффақияту сарбаландиҳо ва барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз муваффақият ва баррори корро таманно менамоям.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон