28 ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮЙИ СОЗАНДАГИҲО

Ёвон: Андеша  

Дар замони ҷаҳонишавӣ, бархўрд ва омӯзиши тамаддунҳову фарҳангҳо, яъне дар замоне, ки мо умр ба сар мебарем, фарқ кардани иттилооти созанда аз сўзанда, ҷудо намудани асл аз ғараз ва нек аз бад барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, ҷавонон хело мушкил шудааст. Таҳлили воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир,муноқишаҳои мусаллаҳонаи бисёр давлатҳо нишон медиҳанд, ки қувваҳои  ғаразноки сиёсӣ, аз он ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро, метавонанд дар ҳар соату дақиқа фазои орому осудаи дилхоҳ кишвару минтақаро халалдор намоянд.

Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳама аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва умуман ҳар як сокини мамлакатро шарт ва зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар талоши ватанхоҳона дошта бошанд, худшиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир бошанд.

Мо бояд бошуурона дарк намоем ва асло фаромўш насозем, ки сарбаландиву саодати мо дар асоси осудагиву сарсабзии Ватан бунёд меёбад. Аз ин рў, сарҷамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбе, ки роҳбарии онро ин фарзанди фарзонаву дилсўзи миллат ба уҳда дорад, метавонад мову кишвари моро дар муқобили ҳама ақидаҳо ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои худхоҳу манфиатҷў устувору муқтадир гардонад ва ба фатҳи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳидоят намояд.

Бояд қайд намоям, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҳарвақта дида бештар густаришу таҳким ёфтанд. Маҳз дар асоси истифодаи дурусти механизмҳои корӣ фаъолони ҳизб имкон пайдо намуданд, ки дар амалисозии мақсадноки ғояҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб дошта бошанд.

Санаи 30 ноябри  соли равон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Маҳз ҳамин масъулият дар баробари дастуру супоришҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки корро дар ин самт тақвият бахшем.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пешгузоштааш сайъ намуда, зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузорад.

Набояд фаромӯш созем, ки ҳизб, бахусус Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи демократии ҷомеа қувваи бузурги сиёсист. Қуввае, ки шаҳрвандон зимни баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, бахусус интихоботи зинаҳои гуногуни мақомоти намояндагӣ ба номзадҳои он аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ва барномаҳои амалан татбиқшавандаи он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Шароити имрӯза ва раванди давлатсозию миллатсозӣ, ки аз ҳадафҳои олии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, тавъам бо мафкурасозии миллӣ мебошанд, аз ҳар яки мо, бахусус фаъолони ҳизб тақозо менамояд, ки фаҳмишҳоямонро дар хусуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон васеътар намоем. Зеро имрӯз он масъулияте, ки бар зиммаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он аз ҷониби Роҳбарияти Олӣ гузошта шудааст ва он фишангҳои пурқуввати сиёсие, ки ҳизб дар ихтиёр дорад, моро водор месозад, то оиди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳатто фарохтар аз як ҳизби сиёсӣ андеша дошта бошем.

Мо фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он барои мо аз манфиатҳои сиёсиву ҳизбӣ ва табақавиву хусусӣ болотар мебошанд.

Бо ин мақсадҳои наҷиб ҷашни 28- солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ-ро барои ҳар яки шумо муборакбод намуда, дар иҷрои рисолати ватансозӣ бароятон  бурдбориҳоро таманно дорам.

Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон