ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАҚШИ СОЗГОР ДОРАНД

Ёвон: Андеша  

Ман Бобоҷониён Дилафрӯз аъзои ҳизб ва тарғиботчии содиқи идеяҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошам. Интихоби ҳизб бароям на ба хотири мансаб аст, балки ба хотири ақидаҳои демократӣ, дунявият ва адолати иҷтимоӣ, ки ин ҳизб амалӣ мегардонад. Дар Оиннома ва барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ махсусан зикр мегардад, ки мардумӣ будан, такя ба нерўи халқ доштан, содиқ ба Ватан будан асоси фаъолияти ҳизб аст. Маҳз ҳамин ғоя барои пешрафти ҷомеа замина мегузорад.

Нуктаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занону ҷавонон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва коғаз нест ва мо занону ҷавонон инро бевосита дарк мекунем.

Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занон маҳз тавассути ҳизб сидқан ва самимона дар шахсияти  ниҳоди ҲХДТ дар ноҳия ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегуям.

Зеро маҳз Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаед. Имрӯз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.

Танҳо дар раванди интихоботи вакилон дар ноҳия  дар масъалаи баланд бардоштани мақоми зан аҳамият диҳем, 2 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, яъне 50 фоиз, 16 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, яъне 40 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо арзанда мебошанд.

Фаъолияти онҳо бомасъулиятона ва меҳрубононаву самимона аст. Ин услуби кор шаҳрвандонро дилгарм мекунад, ҳатто агар масъалаи онҳоро ҳал карда натавонанд ҳам, барои муомилаи хуб ва роҳнамоӣ қаноатманд мераванд.

Ҳамин аст моҳияти халқӣ будан, дар байни мардум будан.

Мо дар фаъолияти ҳаррўзаи таблиғотӣ-ташвиқотӣ ин масъалаҳоро зикр мекунем ва бо эътимод ҳастем, ки шумораи занон  дар шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ аз ин ҳам бештар меафзояд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад.

Занону модарон дар паҳлуи кормандони масъули ҳизбӣ меистанд. Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, эълон гардидани солҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ онҳоро атрофи ҳизб сарҷамъ оварда истодааст. Барномаҳои зиёди дастгирӣ барои бонувон имконияти бо кори хонагӣ машғул шудан, онро эҳё кардану ривоҷ додан, имтиёзҳои қонунӣ муҳайё кардан ба манфиати занон аст. Бинобар ин, сафи ҳизб аз ҳисоби бонувон  меафзояд.

Мо занону бонувон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардидаанд ва амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.  Тамоми дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд.

Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои занону бонувон аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо- занону бонувон даҳчанд вазифадорем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар институтҳои ҷомеа бароии пирӯзии ақли солим, устувории давлати демократии ҳуқуқбунёд, сулҳу субот, рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузорад.

Бо масъулияти баланди ҳизбӣ иброз менамоям, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

 Бобоҷониён Дилафрӯз, директори МТМУ №17 дар ноҳияи Ёвон