НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ёвон: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28-сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тўлонӣ садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрўз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти 28-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.
Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.
Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ормонҳо ва ҳадафҳои мардумӣ маншаъ гирифтаанд,бо гузашти айём арзиши волотар касб намуда, ба мақсаду мароми миллати шарафманди тоҷик табдил меёбанд. Сокинони мамлакат роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандонаи ин ҳизб мебинанд. Воқеан ҳам, имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст ва метавонад халқи кишварро ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамоӣ кунад.
30 ноябри соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ҷараёни иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳайати аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тағйирот ворид карда шуд.
Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.
Раиси муаззами ҳизб иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.
Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.
Фаъолияти созанда ва ҳадафҳои тараққихоҳонаву инсондўстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҷавҳари онро таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд, дар шароити имрўзаи ҷаҳони пуртазод аҳамияти бештар касб намудааст. Ба ибораи дигар, ҳоло мардуми аз ҷиҳати бунёдӣ, фитрӣ ва мафкуравӣ сулҳхоҳу ободкори кишвар бараъло мушоҳида мекунад, ки ҳадафу ормонҳои ин ҳизб бо ҳадафу ормонҳои ў мувофиқанд.
Мо бояд бошуурона дарк намоем ва асло фаромўш насозем, ки сарбаландиву саодати мо дар асоси осудагиву сарсабзии Ватан бунёд меёбад. Аз ин рў, сарљамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбе, ки роҳбарии онро ин фарзанди фарзонаву дилсўзи миллат ба уҳда дорад, метавонад мову кишвари моро дар муқобили ҳама ақидаҳо ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои худхоҳу манфиатҷў устувору муқтадир гардонад ва ба фатҳи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳидоят намояд.
Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо худро ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ муаррифӣ кардаанд, дар давоми 28 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ин муддат бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии ҲХДТ нақшаҳои зиёдеро амалӣ намуда, ҳамчун як ташкилоти ноҳиявии ин ҳизби мардумӣ барои боз ҳам қавитар шудан ва афзун гардидани нуфузу эътибори он пайваста чораандешӣ мекунад.
Имрўз дар ноҳияи Ёвон шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 7793 нафар расидааст, ки ин рақам дарқиёс бо шумораи беш аз дусаду чил ҳазор нафараи ноҳия хеле бузург аст. Ин нерўи андак нест, балки қувваи бузургест, ки аз боварию эътимоди мардум сарчашма мегирад. Ин ҳизб дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа– зиёиён, коргарон, деҳқонон ва соњибкорон аъзои зиёд дорад, дар шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дурдасттарин деҳоти ноҳия ташкилотҳои ибтидоии он мавҷуданд ва фаъолияти худро баҳри татбиқи саривақтии ҳадафҳои ин ҳизби бунёдкор ба роҳ мондаанд.
Дар давоми 28 соли фаъолияти ҳизб Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон собитқадамона ба сўи пеш, ба сўи ҳадафҳои бунёдкорона ҳаракат карда истодааст.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ҳизб, мусоидати фаъол доштан дар рушди бонизоми кишвар ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвонро ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон муваффақияту сарбаландиҳо ва барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз муваффақият ва баррори корро таманно менамоям.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро-узви Кумитаи иҷроияи Марказии  ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон