МОДАР ФАРИШТА БУД...

Ёвон: Андеша  

Бо дасдгири бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   таваҷҷуҳи хоса ба беҳбудии вазъи занон таи солҳои Истиқлолият зоҳир  мегардад. Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ занони тоҷик тавонистанд, ки дар чеҳраи зани тоҷик,  набалки дар тарбияи насли наврас, инчунин роҳбариро низ сарбаландона иҷро карда метавонанд дида тавонистанд.  Занони тоҷик имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо  фаъолият менамоянд. Зан- модар қалам дар навиштани номаш оҷиз мемонад. Зан- модар барояш ҳазорон ҳазор достон нависем ҳам басанда нест.

Рамзи Иди  модар ишора ба зебоӣ, покии рўҳ ва таровиши эҳсоси ҳамешагии инсонҳост, ки ба сиришти созандагӣ ва шукуфоӣ алоқаманд мебошад. Паҳлўи назарраси ин падида аз ҷаҳони поки модарон, дилҳои ҳассосу орзупарвари занону духтарон ва ниятҳои неки онҳо ибтидо гирифта, моро водор месозад, ки чунин як пайки фархундаро бо самимияти инсонӣ ва рўҳбаландии хоса шодбош гўем. Воқеан, нақш ва мақоми модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст.

Офтоб агар нуру зиёбахш ва ҳароратафкани осмону замин бошад. Зан офтоби пурҳарорати осмони зиндагии инсонҳост. Даме, ки бо навозишу аллаҳои худ барои хобондани тифл суруд мехонад,  овози булбул, хониши мурғакон, резишу боридани борони  нам-нам, навои рўду чашмаҳои  ғазалхон ҳамоҳанги сурудаш мегарданд.

               Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,

               Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.

               Аллагӯён тифлро хобондаӣ,

               То сањар гавњорааш љунбондаї.

               Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо,

               Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Модар дар олам муқаддастарин, бузургтарин, азизтарин маҳбубтарин барои фарзанд мебошад.Модар ба мо ҳаёт бахшида дар домони покаш бо муҳаббат мепарварад. Худованд ба ӯ қудрати тавлидагрӣ ва идома додани насли инсонро додааст. Модар хушбахтии ҳар як хонадон ва равшангари роҳи имрўзу фардои ҳамагон аст. Модарон баҳри фарзандон ростгўиву боиродагӣ, мардонагиву дурандешӣ, хоксориву ҳиматбаландиро меомӯзонад.

«Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар аст, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».

Модарон дили хело ҳам бузург доранд.  

Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди ӯ сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад.

Бо ниятҳои нек бори дигар модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табирк гуфта, барояшон саломатии бардавом, хандаю  табассуми  абадӣ, зебогии ҷовидона таманно дорам.  Бигузор, ҳамчун гулҳои шукуфони баҳорони Тоҷикистони азиз рӯзгору зиндагии модарону бонувон ҳамеша бехазон бошад.

     Раҳмонова Маҳбуба,  мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон