НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Ёвон: Андеша  

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” фаъолияти сиёсиии хешро пеш мебаранд. Шаклҳои асоси иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ тариқи  аъзогӣ дар ҳизби сиёсӣ ва иштирок дар интихобот амалӣ карда мешавад.

Сиёсати бисёрҳизбӣ хоси сохти ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби аксарияти парлумонӣ, чун нерўи сиёсии фаъолу бонуфуз дар байни мардум мақому манзалат ва обрўи калонро касб намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миёни ҳафт ҳизбҳои сиёсӣ ягона ҳизб аст, ки барномаи стратегии рушди кишварро дар даст дорад ва қадам ба қадам қисматҳои алоҳидаи онро амалӣ намуда истодааст. Зимнан, барномаи ин ҳизб барномаи амали Ҳукумат аст ва мо натиҷаи амалии ин ҳизбро дар корҳои созандагии Ҳукумати кишвар ҳамарўза мушоҳида карда истодаем.

Ҳизби Халқии Демратии Тоҷикистон ҳизби сиёсии даврони Истиқлолият, самараи марҳилаи нави  бунёди ҷомеаи демократӣ, дар маҷмуъ, ҳизби зодаи Истиқлолият, ваҳдати миллӣ мебошад, ки зери роҳбарии  Сарвари оқилу доно- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо Барномаи дурнамои худ ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши муассир гузорад.

Ҳадафи асосии ҲХДТ дар шароити қонунӣ дар меҳвари худ гирд овардани қувваҳои солимфикри ҷомеа аст, ки барои пешрафти давлат, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Натиҷаи ҳамин иқдомҳои ватанпарастона буданд, ки обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ торафт баландтар ва номи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар қатори сиёсатмадорони бузурги  замони муосир ҷой дода шудааст.

Мо- фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он барои мо аз манфиатҳои сиёсиву ҳизбӣ ва табақавиву хусусӣ болотар мебошанд.

Ҳамавақта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати  давлатии ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон мебошад.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон