ЗАНОН ДАР СИЁСАТИ ҲИЗБӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Ёвон: Андеша  

Нуктаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва коғаз нест ва мо- занон инро бевосита дарк мекунем.

Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз тавассути ҳизб сидқан ва самимона миннатдории занони ноҳияи Ёвонро ба  Пешвои миллат иброз медорем.

Зеро маҳз Шумо- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додаед. Имруз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Шумо муайян гардидаанд ва амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша саҳмгузор мебошад. Тамоми дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд.

Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният - ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо- ҳизбиён  даҳчанд вазифадоранд.

Бо масъулияти баланди ҳизбӣ иброз менамоям, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Шумо ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон