5 ДЕКАБР РӮЗИ ВОЛОНТИЁРОН АСТ.

Ёвон: Созандагони ватан  

Ҳамасола санаи 5 декабри соли равон ҳамчун Рӯзи волонтёрон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи волонтёрон бо иштироки раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бобобеков Хусрав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ёдоварӣ карда шуд, ки волонтёр будан шуғли ихтиёрӣ ва фоидаовар аст. Ҳар шахсе, ки дар дил майли кӯмак кардан дошта бошад,  метавонад, волонтёр шавад.

Имрӯз дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия як гурӯҳи волонтёрон иборат аз 20 нафар фаъолият менамоянд, ки дар тамоми чорабиниҳо,  аксияҳои ҳизбӣ, ҳашарҳои дастаҷамъона ва Рӯзҳои ёдоварӣ иштироки фаъолона доранд.