ҲХДТ ҲИЗБИ ХАЛҚ АСТ

Ёвон:  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти 28-солаи худ пастиву баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирўзиҳои зиёдеро  паси сар кардааст.

Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ шинохта шудаанд, дар давоми 28 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Пахтакори Ҷамоати деҳоти  Ситораи Сурх ҳамоиш баргузор гардид.