ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИИ МОСТ!

Ёвон:  

Бисту ҳашт сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон дарозе таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрўз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои  имконпазирро амалӣ сохта истодааст. Санаи 4 декабри соли равон бо мақсади истиқбол аз 28-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Кишоварз" вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.