ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ МАРОМАШ МАРОМИ ХАЛҚ

Ёвон:  

Ҳамасола санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ таҷлил карда мешавад. Дар доираи истиқбол аз ҷашни 28-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вохӯриҳо ва конфронсҳову мизҳои мудаввар баргузор гардида истодаанд. Чунин як вохӯрии судманд санаи 4 декабри соли равон дар ташкилоти ибтидоии 1 Майи Ҷамоати деҳоти Норин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ёдоварӣ карда шуд, ки бисту ҳашт сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон дарозе таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрўз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои  имконпазирро амалӣ сохта истодааст.