МАКТАБИ МАН ИҚДОМИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН

Ёвон:  

Дар доираи иқдоми навбатии ҳизбиён дар самти  боздид ва аёдати собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  Амалиёти "Мактаби ман"  рӯзи шанбеи ҳар моҳ баргузор карда мешавад. Санаи 29 ноябри соли равон нимаи дуюми рӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 Амалиёти "Мактаби ман" баргузор карда шуд. Дар амалиёти мазкур хатмкунандагони солҳои 1994, 1995, 1996, 1997  ва 1999 иштирок намуда, иқдоми навбатии ҳизбиёнро дастгирӣ намуданд.  Дар ҳамоиши мазкур собиқ хатмкунандагон дар самти бунёди майдончаи варзишии замонавӣ дар назди муассисаи таълимӣ машварат намуда, ба нақша гирифтанд, ки дар назди МТМУ №29 барои наврасону ҷавонон як майдончаи болопӯшидаи замонавӣ бунёд менамоянд.