ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соли 2026 мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни барои миллат муқаддас 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд ва баҳри сазовор истиқбол намудани  ин санаи муқаддас имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал бо маром идома доранд. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия иқдоми созандагӣ бо маром идома дорад.  Амали мазкур бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи маҳал роҳандозӣ гардида истодааст. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки барои наврасони маҳал толори наву замонавиро азнавсозӣ намуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода супоранд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳои баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ сохтанд.