ЗАНОН ПОСДОРАНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТАНД

Ёвон: Вокуниш  

Ҳаводиси солҳои охир, хиёнатҳои пай дар пайи наҳзатиҳо мушаххас намуда истодааст, ки  ҳизби хиёнатпешаи наҳзат дигар мардеро барои мубориза бо давлати Тоҷикистони азизи маро надорад. Ӯ имрӯз ба занҳо паноҳ мебарад. Соли 2013 номаздии Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоб пешниҳод намуда, сипас модари Абдураҳмони 09 Шоҳида Маҳмадҷоноваро боиси иғвои расонаҳои хусусӣ қарор додаанд. Инак, ҳадафи навбатиашон зани  ҳаваскор Улфатхоним Маҳмадшоева аст, ки  тири андохтаашонро ба хатто бурд.

Наҳзатиҳои  заифро даркашон низ  заиф аст, зеро намедонанд, ки Худованд занро барои майдони иғвову ҷанг наофаридааст, баракс зан- модарро  баъди худ дар рӯи замин ҳамчун офаридгор, тарбияткунандаву роҳнамунсоз офаридааст. Даруни қалби зан синаи раҳм мавҷуд аст, ки ҳар лаҳза барои оромиши фарзандони худ метапад, ки мусаллам аст, оромиши фарзандон Ватани ободу озод дур аз ҳамагуна иғвову дасиса ва хиёнату ноороми аст.

Модарону бонувони саодатманди тоҷик доимо барои сулҳу суботи Тоҷикистон дуо мекунанд, на барои иғвову хиёнати наҳзатиҳо     вақти хешро талаф месозанд.Он заноне, ки имрӯз боиси нафрати дигар занони тоҷикистонӣ гардидааст, ҳамсар, модар ва хоҳари наҳзатиҳои хиёнатпеша аст, ки онҳо ба он паноҳ мебаранд.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон