СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 58

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар саҳни ҳавлии МТМУ № 58 бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгорон оиди 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни соати сиёсӣ нотиқон аҳли хонандагонро таъкид намуданд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки наврасону ҷавонони имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд. Ба муҳассилини муассиса дастур дода шуд, ки дар шуури ҷавононро бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Хонандагону омӯзгорони муассисаи мазкур  изҳор намуданд, ки Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини фаъолияти онҳо мебошад. Аз ин рӯ барои иҷроиши ҳидоятҳои додашуда саҳмгузор хоҳанд буд.