СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 46

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ иқдоми навбатии ҳизбиён аст, ки дар як муддати кутоҳ дар сатҳи маҳал ҳамовозии зиёд пайдо наумдааст. Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд.  Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Қоризода Мухторхуҷа пеш бурда,  атрофи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷашни барои миллат муқаддас 30-солагии иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.

Иштирокдорони соати сиёсӣ аз баргузории як соати озоду ошкоро он ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат изҳори хушнудӣ намуданд.