СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 38

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ № 38 бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул  ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ», пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон ва «Нақши 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон» суҳбат доир карда шуд.