АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР МАҲАЛ ТАТБИҚ КАРДА МАШАВАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти Рӯзи ёдоварӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ чанд соли охир миёни мардуми ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст. Рӯзи якшанбеии охири ҳар моҳ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии ноҳияи Ёвон  дар сатҳи маҳал роҳандозӣ карда мешавад.  Дар деҳоти Баҳори ҷамоати деҳоти Норини  ноҳия низ Амалиёти мазкур дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуд. Субҳи барвақт аҳолии деҳот ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи оромгоҳро ободу зебо намуданд. Ҳамзамон деворҳои гирду атрофи оромгоҳро азнавзозӣ гардида, бехи дарахтон нарм карда шуд.  Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки Амалиёти мазкур дар ҳамаи онҳо ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар амалиёти мазкур  шахсони фаъоли ҷомеа, волонтёрони ҳизбӣ барои тозаву озода намудани оромгоҳ, дар сатҳи баланд ташкил намудананд.