БУНЁДИ ҲОҶАТХОНАИ ДРИНАЖӢ ДАР ШОҲРОҲ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иқдоми навбатии ҳизбиёни вилояти Хатлон ин бунёд намудани ҳоҷатхонаҳои дринажӣ мебошад, ки имрӯз иқдоми мазкур дар миқёси ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде пайдо намудааст. Имрӯзҳо дар доираи лоиҳаи омодагардида, ки ройгон ба аҳолии ноҳия дастрас карда мешавад дар манзилҳои истиқоматӣ аҳолии ноҳия чунин ҳоҷатхонаҳои наву замонавиро бунёд намуда истодаанд. Дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Чоргул чунин ҳоҷатхонаи замонавӣ бо ташаббуси маҳаллаи Гулафшон бунёд гардида, имрӯз ба аҳолии ноҳия ва сайёҳон хизматрасонӣ мекунад.