БУНЁД НАМУДАНИ РОҲИ ОРОМГОҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз Рӯзи Парчами давлатӣ ва  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми аҳолии деҳаи Меҳнатободи  Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх роҳи даромадгоҳи оромгоҳи деҳаи мазкур  қисман сангфарш карда шуд. Дар ин рӯз аҳолии деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар кори хайру эҳсонкорӣ иштирок намуданд. Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.