АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия иқдоми азнавсозии роҳҳои миёни маҳалла бо маром идома дорад.  Амали мазкур бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи маҳал роҳандозӣ гардида истодааст. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки аз роҳи миёни маҳалла ва кӯчаҳои онро пурра сангфарш намуда, барои шаҳрвандони маҳалла шароити хуби зисту зиндагониро муҳайё намоянд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳо баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ сохтанд.