СОХТМОНИ ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲ ДАР ДЕҲАИ ТУТАК

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Тутаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия иқдоми созандагӣ бо мақсади бунёду азнавсозӣ намудани толори маҷлисгоҳ бо маром идома дорад.  Амали мазкур бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу эҳсонкори маҳал роҳандозӣ гардида истодааст. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки толори маҷлисгоҳи маҳалларо, ки солиёни зиёд фарсуда гардида буд, азнавсозӣ ва барқарор намуда, дар ин замина дар сатҳи маҳал бо ҷалби сокинон аз ҷумла наврасону ҷавонон чорабиниҳои мухталифи фарҳангию сиёсиро роҳандозӣ намоянд.. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳо баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ сохтанд.