МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Варзиш яке аз омилҳои дӯстӣ ва солимӣ миёни аҳолӣ, хосса насли наврас хизмат мерасонад. Имрӯзҳо рушди соҳаи варзиш дар ҳама самтҳо рушд намуда, дар сатҳи маҳал садҳо адад майдону толорҳои варзишӣ барои наврасону ҷавонон ба истифода дода мешавад. Дар доираи иқдоми варзишпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо дар арафаи ҷашну маросимҳои давлатию касбӣ бо мақсади рушди варзиш ва оммавӣ намудани он мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ карда мешавад. Инак бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба ифтихори сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни Коллеҷу Литсейҳои ноҳия мусобиқаи волейбол барои дарёти Ҷоми ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқаи мазкур 12 даста иштирок дорад. Мусобиқа санаи 18 ноябр оғоз ёфта, рӯзи 24 ноябр ҷамъбаст гардида, ғолибон қадршиносӣ мегарданд.