ҶАВОНОН ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАНАНД.

Ёвон: Вокуниш  

Мо бояд бо чашми ақл бубинем ва дарк намоем, ки асосгузорони давлати ба ном “исломӣ” дар Сурияву Ироқ, Авғонистони ҳамсояи мо аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд. Барои онҳо хуни ҷавонони ба ном «ҷиҳодкунанда» ба қадри як пули пучак ҳам арзиш надорад. Имрўз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштаанду, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодааст. Мушкилотеро, ки имрўз дар ҳаёти ҷавонон вуҷуд дорад, танҳо метавон дар ҳамбастагӣ ва дар фазои сулҳу субот ҳал намуд Барои пойдории амнияти кишвар ва ободии ҷомеа ҷавононро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони кишвар дар атрофи Президенти мардумии худ муттаҳид гашта, барои як мақсад- гулгулшукуфии сарзамини биҳиштосоямон бештар аз ҳар вақти дигар саъю талош варзанд. Ягона чизе ки мову кишвари моро аз хатари экстремизму терроризм наҷот медиҳад, ин ваҳдату ҳамақидагӣ аст. Мо дар ҳамбастагӣ нерўи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд.

Месазад, ки дар ҷода ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд. Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрўз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тољикӣ табдил доданд. Аз оғози ҳёи Тоҷикистони навин, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи вағдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 –ум мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Мирзоев Эраҷ-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон