ҶАВОНОН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД.

Ёвон: Вокуниш  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари Олии ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани насли наврас нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия намуда, бо иштироки васеи ҷавонон дар ҳама деҳоти ноҳия ҷамъомаду вохўриҳо доир намуда истодааст. Барои пешгирии таҳдидҳои ҷаҳони муосир, хусусан, зиёд шудани тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ, ҳисси бегонапарастӣ, дур шудан аз фарҳанги либоспўшӣ ва тақлид ба либоси ғайр, пўшиши сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳое, ки боиси таназзули тафаккури миллӣ мегарданд, дар миёни насли наврас чорабиниҳои тарғиботӣ аз қабили ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун гузаронида шуда истодаанд. Ҷараён ва натиҷаи чунин чорабиниҳо ба таври муттасил дар саҳифаҳои иҷтимоии ва рўзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” интишор меёбанд.

Натиҷаи ҷамъомаду вохўриҳо нишон медиҳад, ки дар мафкураи насли наврас баъзан холигоҳе пайдо мешавад ва онҳо барои бо чизе банд кардани талаботи ботинии худ аз сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода мебаранд. Маълум аст, ки ифротгароёну моҷароҷўён аз чунин шабакаҳо хеле фаровон истифода карда, ҷавононро фирефта месозанд.

Имрўз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат арзиш дорад, сабақи бузургест. Амалҳои ноогоҳонаи баъзе ҷавононро дида, мо аз худамон мепурсем, ки оё мо имрўз аз неъматҳои сулҳу амният бархўрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои Истиқлолияту Ваҳдат ва сулҳу амният рў метобем? Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад.

 

Раҳмонзода Муҳаммад-мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон