Экстремизм – хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир

Ёвон: Вокуниш  

«Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд». Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат.

Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистие, ки солҳои охир ба вуҷуд омадаанду таҳти ливоҳои «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Толибон», «Боко ҳарам» ва боз чандин гурўҳҳои дигар амл мекунанд, характери бидъаткорӣ, миллатчигӣ, салтанатҷӯӣ, авлавиятхоҳӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ доранд. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки дар охири асри бистум пайдо шудаанд, хеле хатарнок буда, барои вайрон гардидани сохти конститутсионии давлат ва вайроншавии ҷомеа мусоидат мекунанд. Маҳз ҳамин гурўҳҳои ифротгарову моҷароҷў гурўҳҳои террористиро ба вуҷуд оварда, милёнҳо одамонро дар давоми 20-30 сол ба таври ваҳшиёна нобуд сохтаанд. Мутаассифона, баъзе таҳлилгарони сиёсӣ аъмоли аъзоёни чунин ҳизбу ҳаракатҳоро ба дини ислом нисбат дода, онро «терроризми исломӣ» мегўянд, ки ин комилан нодуруст аст. Дуруст аст, ки ин гурўҳҳои худхоҳ аксаран дар қаламрави мамлакатҳои исломӣ пайдо шудаанд, лекин бояд донист, ки ақидаи онҳо аслан исломӣ нест, узви чунин гурўҳҳоро мусулмон гуфтан нашояд. Зеро рафтору кирдори онҳо бо ин дини мубин ягон умумият надорад. Ҷавононе, ки ба чунин гурўҳҳо дохил шуда, ба дини ислом иснод меоваранд, монанди ҳамон ҷавонони ноогоҳ ҳастанд, ки ба дину миллатҳои дигар нафрат доранд. Гап дар сари он аст, ки ҷавонони якраву худхоҳ, новобаста аз миллату мазҳабашон бозичаи дасти сиёсатбозони салтанатҷў мешаванд. Онҳо, ки ба эҳсосоти фиребандаи ҷавонӣ дода шудаанд, фиребу найранги сиёсатбозҳоро дарк намекунанд, гумон мекунанд, ки бо чунин рафтори кўр-кўронаашон ҷаҳонро ба коми худ мегардонда бошанд. Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатбозон (на сиёсатмадорон) дар ҳеҷ давру замоне ин «артиш»-и худро (ҷавонони раҳгумзадаро) ба мақсад нарасондаанд. Ҳатто агар онҳо ба мақсади нопоки худ бирасанд ҳам, чунин ҷавононро бо ҳар роҳу усул несту нобуд мекунанд (сиёсатбозон ба «артиш»-и худ насли калонсолро намегиранд, зеро онҳоро фиреб додан осон нест).

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 22 апрели соли 2016 зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Ёвон дар мулоқот бо сокинони ноҳия бо изҳори ташвиш қайд карда буданд, ки шумораи зиёди ҷавонони кишвар имрўз ба мамолики бегона рафта, бар зидии сохти конститусионии он давлатҳо мубориза мебаранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна ҷавонон сатҳи пасти худшиносӣ дошта, ба муқаддасоти милливу динӣ арҷ намегузоранд. Аз ҳамин нигоҳ, зарур аст, ки ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон диққати бештар дода шавад. Бояд ҷавонон ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб гарданд, то ботинан худро узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисоб кунанд, дарк намоянд, ки ғайр аз сохти конститусионии давлат ва муқаддасоти милливу динӣ чизи дигаре ба дарди онҳо намехўрад.

 

Абдуллозода Саёҳат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон