МОДАРОН БА АЁДАТИ САРБОЗОН ОМАДАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ифтихори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент як гурӯҳ модарони ноҳия ба аёдати сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳия омаданд. Модарон аз шароити буду бош ва хизмати имрӯзаи сарбозон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, барои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар сатҳи шароити имрӯзаи сарбозон арзи сипос намуданд. Модарон барои сарбозон дастурхони идона оростанд. Сарбозону афсарон аз иқдомҳои пайваста ва дастгириҳои мунтазами  ҳизбиёни ноҳия арзи сипос намуданд.