ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ НОҲИЯ

Ёвон: Созандагони ватан  

Имсол дар санаи 16 ноябр мардуми сарбаланди тоҷик ду ҷашни таърихӣ ва барои миллат муқаддас яъне 30-солагии Иҷлоисияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Презитенро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ягонагӣ ҷашн гирифтанд. Чунин як чорабинии идонаи ва ҳамоиши идона дар қисми низомии 6593-и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Афсарон ва сарбозони  саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз давлати ободу озод ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърузаҳо қироат намуданд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ҳангоми баромад ҳозиринро таҳният намуда, ҷашнҳои мазкурро барои миллати тоҷик санаҳои тақдирсозу таърихӣ арзёбӣ намуданд.