ИҶЛОСИЯИ БЕНАЗИРИ МИЛЛАТ

Ёвон: Андеша  

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хўҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. ЭмомалӣРаҳмон Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳам ватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътиод дошта, сафеди и шабро интизор шуд ва билохир бо афкори тоза дари саодатро бикшод: Аз но умедиҳо басе умедаст, Поени шабисиёҳ сафед аст, Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромўш-нашуданӣ ва ҳусн ангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз на-муд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бакои, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебо-шад, рўи кор овард. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши кулиеро ба вуҷудовард. Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва колати сардори давлатдода шуд. Ба ўҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид. Хулоса, давлати нав таъсисе, ки ба миён омад, фаъоли яти худро аз Ошти миллӣ, халъисилоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда,марудмро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштиимиллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад,гулдаста гардад. Ҳар сол истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғоиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори хидоят намуд. Хуллас,ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худ кунии асосҳоидавлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокра-тиву дуняви ро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки бахри оромиикулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дўстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ барўзи сахту гарони мардум боис мегардад.

Раҳмонова Маҳбуба-мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон