ҶАВОНИРО ФИДО КАРДАМ, ДИЁРАМ ТО ҶАВОН БОШАД.

Ёвон: Андеша  

Имрўз бо гузашти си сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дўши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсўз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ханўз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.

Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам барои халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихи-умумҷаҳони дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсўзи шаҳрванди боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сурҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд. Истиқлолияти сиёсии давлати тоҷик 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амали гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат- иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Дар иҷлосия интихоби роҳбари давлат, баъд аз тасдиқ гардидани рўзномаи он, яке масъалаҳои муҳим хисобида мешуд. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Ман ҳамчун тарҷумони иҷлосияи таърихӣ дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои асоси бо қадри имкон ширкат варзида будам. Дар асоси маслиҳати комиссияи муросои миллӣ тамоми аъзоёни Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, сарварони вазорату кумитаҳо ва дигарон ба истеъфо рафтанашон лозим буд, ҳамин хел ҳам шуд. Аммо бо супориши баъзе қувваҳо Раиси Шўрои Олӣ Акбаршо Искандаров ба истеъфо нарафт ва тибқи қонун бо роҳи овоздиҳии расми он кас аз вазифа озод карда шуд. Баъд аз он дар асоси пешниҳоди вакилони мардуми - минтақави(вилоятҳои Ленинободу, Кулоб, Қўрғонтеппа, Ғарм ва вилояти худмухтори Бадахшони Кўҳӣ(ВМБК) номзадҳо ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он вақти мураккабу бесару сомони дар асоси Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳури сарвари давлат ҳисобида мешуданд, номзадҳо пешниҳод карда шуд, Дар аввали иҷлосия номзадҳои пешниҳод карда шуда, бо сабабҳои объективию субъективӣ номзадиашонро боз доштаанд. Сипас, аз тарафа вакили мардуми аз минтақаи Кўлоб А.Мирзоев номзадии вакили мардуми Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намудаанд, ки ин таклифро аз номи вакилони мардуми вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) вакил Ҷ.Набиев тарафдорӣ кард. Дар натиҷаи овоздиҳии пинхони аз 197 нафар вакилони мардуми 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов 11 нафар зидди номзадии ў овоз доданд. Дар натиҷа 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон – собиқ раиси комиҷроияи вилояти Қўлоб, вакили мардуми, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт.

Шароите, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Ватани нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон рўзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро аз мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд.

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дурру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзи пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷўҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. То имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шанохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ муроот менамояд.

Ҳамзамон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ў борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, дар баробари проблемаҳои Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Аз ҷумла, ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибат ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ҳамзамон ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфтааст, рў овард.

Саёҳат Абдуллозода –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон