ИҶЛОСИЯЕ, КИ ТАҚДИРИ ВАТАНРО НАВИШТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар МТМУ № 2 -и ноҳия ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш ҷавонони фаъоли ноҳия, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок намуда, роҷеъ ба аҳмияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ҳаёти имрӯзаи ҷавонон ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар таҳкими давлатдории миллӣ маърузаҳо пешниҳод карда шуд. Дар кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат, раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Бобобеков Хусрав, директори ҷавони Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳия Иззатов Субҳиддин андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол  ва дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши бағоят ҳалкунанда дорад. Зеро ки Ҷавонони Тоҷикистон муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастан, аз зумраи хушбахтарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мурдуми соҳибиқболи мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушди нумўи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду, дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва дориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд.